АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ СОҲАИ МАОРИФ АЗ ҶОНИБИ МАЪМУРИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МЕҲРОБОД”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расонидани кӯмакҳо ба оилаҳои ниёзманд, маъюб ва барҷомондаи ҷомеа бо иқдоми ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меҳробод-МТМУ №4”-и ноҳияи Восеъ дар арафаи Иди Саиди Фитр собиқадорони соҳаи маориф аёдат карда шуда, ҳамзамон кӯмаки яквақтаина расонида шуд.Аёдатшудагон  аз ин иқдом хеле хушҳол гардида, баҳри бозҳам ободию оромии кишвар дуои хайр намуданд. Маврид ба ёдоварист, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меҳробод-МТМУ №4”-и ноҳия, яке аз ташкилотҳои ҳизбии фаъол ба ҳисоб рафта, дар арафаи иду ҷашнвораҳо пайваста аз ҳолу аҳволи омӯзгорони собиқадор хабардор гардида, ба онҳо кумакҳои гуногуни моддию пуллӣ мерасонад.