ТАШАББУСҲОИ АЪЗОЁНИ ҲИЗБ ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб ёфта, тибқи дастуру супоришҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо пайваста кумакҳои моддиву молиявӣ расонида мешавад.

Дар арафаи иду ҷашнҳо расонидани кӯмак ба оилаҳои эҳтиёҷманд, маъюбон ва бепарастарон имрӯзҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Бо ҳамин мақсад дар арафаи иди саиди фитр ба ин оилаҳо кӯмакҳои хайриявӣ расонида шуда истодааст.

Ин навбат, бо мақсади дастгирию кӯмак намудан ба ин оилаҳо аз ҷониби шахси саховатпеша, хайрхоҳ, узви Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин ба чанд нафар оилаҳои ниёзманд ва маъюбони ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа кумакоҳои хайриявӣ, аз ҷумла маводҳои ғизогии яквақтаина расониданд. Аз ин амали нек маъюбону ниёзмандон ва пайвандони онҳо хушҳол гардида, барои чунин ғамхориҳо ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минатадории самимона намуданд.