АМАЛҲОИ ХАЙРХОҲОНА ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дасти ёрӣ дароз намудан ба маъюбон, ятимон ва оилаҳои ниёзманд яке аз амалҳои хайру савоб ба ҳисоб рафта, ин анъана аз аззал байни халқи тоҷик роиҷ будааст, то инки дар ҳама ҳолат дастгири якдигар бошанд. Дар арафаи иди Шарифи Рамазон аёдати собиқадорон ва шахсони ниёзманд амалест хайру савоб. Бо ин мақсад дар пайравӣ аз сиёсати инсондӯстонаву хайрхоҳонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби маъмурияти муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ аёдати собиқадорони соҳа ба роҳ монда шуда ҳамарӯза ин амалҳо аз ҷониби шахсони саховатпеша рӯи кор омада истодааст.