АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР” ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҒАЛЛАОБОД”

Хуросон: Ҳисобот  
Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод”-и ноҳияи Хуросон бо иштироки роҳбарият ва аъзоёни фаъоли ҳизб аксияи ободонӣ баргузор гардид.
Аъзоёни фаъоли ҳизб ба ҳашари дастаҷамъона баромада дохил ва беруни бинои Ҷамоати деҳоти Ғаллаободро таъмир намуда,бехҳои гулҳои ороишӣ ва дарахтонро нарм намуда, ҳамзамон замини назди ҷамоатро барои кишти такрорӣ омода намуданд. Ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ тасмим гирифтааст, ки рисолати зебоипарастиву ободгароиро сармашқи кори хеш қарор дода баҳри ободии гӯшаи диёри худ саҳмгузор бошанд.