АКСИЯИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ АЛИШЕР НАВОӢ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон, аксияи ҳизбӣ зери унвонии "ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор" идома дошта, дар ин масир корҳои хуррамиву сарсабзкунӣ ва созандагию бунёдкорӣ бо маром идома дорад.

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Алишер Навоӣ"-и Ҷамоати Шаҳраки Ҳаёти нави ноҳияи Ёвон ҳамчун ташкилоти фаъол дар амалишавии ташаббусҳои ҳизбӣ масъулиятпараст буда, бо аъзо фаъолон ва ҷонибдорни худ баҳри ободию тозагӣ ва сарсабзии диёр саҳми шоён мегузоранд.

Дар пайрави аз сиёсати ободкоронаи Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мо ҳизбиёни ноҳия баҳри бозҳам зебову назарабо гардидани кӯчаю гулгаштҳо, хиёбону роҳравҳо ва деҳаю маҳаллаҳои хеш талош хоҳем варзид.