КИТОБ МАНБАИ ИЛМУ ДОНИШ!

Вахш: Созандагони ватан  

Дар доираи иҷрои нақша чорабиниҳои барномаи давлатии "Рушди муассисаҳои фарҳангӣ" ҳамасола дар саросари кишвари азизамон ба мақсади омави гардонии китобхонӣ ва ҷалби ҳарчи бештари насли наврас ба китобхониву китобдӯсти ва рӯй овардани онҳо ба китобхонаҳо фестивали ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон" баргузор мегардад, ки имрӯз ин фестивал дар ТИ "Китобдорони" ноҳия бо иштироки васеъи аъзои фаъоли китобхонаҳо бо намоиши китобӣ ва намоиши дастранҷи хонандагон дар доираи Низомномаи фестивал дар сатҳи баланд баргузор карда шуд.

Инчунин дар рафти чорабини масъулини кумита ва шоирону нависандагон иштирок намуда, ба ҳунару маҳорати хонандагон  баҳои баланд доданд ва беҳтаринҳо ба даври дигари фестивали мазкур роҳхат гирифтанд


       

 

 

 

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби

Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш