СОАТҲОИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “МАОРИФЧИЁН”

Данғара: Созандагони ватан  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”, МТМУ № 48 – и ноҳияи Данғара, ҷамоати деҳоти Корез бо иштироки омӯзгорон Соати сиёсӣ доир гардид. Зимни баргузории Соати сиёӣ бо хонандагон оид ба мавзӯҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълими тарбияи фарзанд", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Тарбияи ҳарбии ватандӯстии шаҳрвандон”, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон дар рӯҳияи Ватаншиносӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ тарбия намудани онҳо, пешгирии ҷавонон аз шомилшави ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, дур будан аз фарҳанги бегона, пешгирии таълимоти динии ғайрирасмӣ, пешгирии омилҳои номатлуб ва омода будани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, омӯхтани забонҳои англисӣ ва рӯсӣ суханронӣ намуданд.