ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ҶАВОНОН ДАР РӮҲИЯИ ХЕШТАНШИНОСӢ

Данғара: Созандагони ватан  

Қобили тазаккур аст, ки ҳайати гурӯҳҳои корӣ тарғиботиву ташвиқоти ҳамарӯза  бо сокинон доир гардида истода, вобаста ба масъалаҳои терроризм ва экстремизм, шомил нашудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, даст назадан ба ҷинояту ҷинояткорӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, зӯроварӣ дар оила ичунин таълиму тарбияи ҷавонон дар руҳияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани ҷомеа, ки аз мактабу муаллим вобастагӣ дорад, вохӯрӣ доир намуданд.

Зимни вохӯрӣ қайд намуданд, ки ҷавонон аввалин дараҷа бояд дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон хизмат карда, қарзи шаҳрвандии худро дар назди Модар - Ватан адо намоянд. Агар ҳар як деҳа тибқи нақшаи пешбинишуда ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон саривақт сафарбар намоянд, ҳам нақшаи даъват иҷро мегардад ва ҳам ҷавонон бо ин васила мактабӣ ҷавонмардиро аз худ намуда масъулияти мардонагиашонро дар назди худ ва давлату миллат дарк менамоянд.

Инчунин, дар масъалаҳои терроризму экстремизм, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи наврасону ҷавонон, даст назадан ба ҷинояту ҷинояткорӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, омӯхтану аз худ кардани касб изҳори андешаронӣ намуданд.