Дастгирии эҳтиёҷмандон нишонае аз ҷавонмардист.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастур ва супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии маъюбон, ятимону барҷомондагон дар моҳи  Шарифи Рамазон соҳибкорону саховатпешони ноҳияи Восеъ ба оилаҳои эҳтиёҷманд дасти кӯмак дароз намуданд. Аз ҷониби оилаи Қодирзодаҳо барои 400 нафар шаҳрвандони эҳтиёҷманд кӯмаки маводи хӯрока расонида шуд. Кӯмаки мазкур барои ҳар як нафар аз қабили орд 50-кг, 2,5 кг гӯшт, равған 5-кг, шакар 5-кг, биринҷ 3-кг ва макарон 3-кг иборат буд.Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби оилаи мазкур ҳамасола амалҳои хайру сахо ба ҷо оварда шуда, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-и ноҳиявӣ дар саҳифаи фейсбук ва сомонаи ҳизб иқдоми наҷиби оиларо мегузорад. Барои сохтмони бинои нави мактаби деҳа, аз таъмир баровардани ҳамоми Хона-интернати маъюбон ва пайваста расонидани кӯмак ба онҳо, мумфаршкунии кӯчаҳо, ҳавзи шиноварӣ, майдончаҳои варзишӣ, кандани чоҳҳои амудӣ ва дигар амалҳои бунёдкоронааш аз ҷониби Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ба аъзои оилаи Қодирзодаҳо Сипоснома дода шудааст. Бояд қайд намуд, ки чунин иқдомҳои хайрхоҳонаро оилаи мазкур дар оянда низ идома дода, баҳри беҳтару хубтар намудани шароити зиндагии сокинон саҳми хешро хоҳанд гузошт.