ҲИФЗИ ВАТАНАМ МОЯИ ИФТИХОРИ МАН АСТ!

Балҷувон: Созандагони ватан  

Ин аст ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоъатмандӣ, ки ҳар як ҷавони саодатамнди диёри зебоманзари Балҷувон “Ҳифзи Ватан мояи ифтихори ман аст”-ро шиори хеш намуда, баҳри ҳимояи марзу буми Ватан омода ва камари ҳиммат бастаанд, ки дар ҳақиқат мавриди аҳсану офарин аст.

Чун далерони замони хеш ҳимояи Ватан-Модарро рисолати олии худ мепиндоранд ва омодаанд, ки сина сипар намудаву мушти хоки поки меҳанро ҳифз намоянд.

Дар садоқат чун пайравони родмардони асил Муқанаъ, Восеъ, Деваштич, Темурмалик ва дигар сарсупурдаҳои ҷонфидоро идеали хеш меҳисобанд ва ҳимояи меҳанро қарзи ҷониву имонӣ медонанд.