ТАТБИҚИ ТАШАББУСИ ҲИЗБИИ “САРБОЗИ ИХТИЁРӢ” ДАР АМАЛ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 1-уми апрели соли 2024 дар ноҳияи Муъминобод маросими даъвати баҳории  ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ таҳти унвони “Рӯзи даъватшаванда” баргузор карда шуд. Ин рӯз дар саросари ҷумҳурӣ бо баргузории чорабиниҳои мухталифи тантанавӣ, фарҳангӣ–фароғатӣ ташкил ва баргузор карда мешаванд.

Дар маросими мазкур раиси ноҳияи Муъминобод, муҳтарм Амирзода Сайвалӣ Раҳмоналӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва падару модари даъватшавандаҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳияи Муъминобод Амирзода Сайвалӣ Раҳмоналӣ наваскаронро ба ин санаи хотирмон табрик намуда, иброз дошт, ки маҳз чунин ҷавонону далерони Ватан марзу буми ин сарзаминро аз душманон ҳифз намуда кӯшиш менамоянд, ки бо далерию зиракии хеш истиқлолу озодии Тоҷикистонро аз газанд эмин нигаҳ доранд.