ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар заминаи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба сарсабзу хуррамгардонии Ватани азизамон ва дар асоси нақша -чорабиниҳои таҳрези намудаи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Восеъ аъзоёну ҷонибдорони ҳизб ҳар ҳафта ба аксияҳои дастаҷамъона баромад дар рафти корҳои ободониву созандаги саҳми муносиби хешро гузошта истодаанд.Аз ҷониби кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор!” баргузор гардид. Дар аксияи мазкур масъулини ҳизбӣ бо руҳияи баланди арҷгузори ба Ватан фаъолона ширкат варзида,  бо тоза намудани гирду атроф ва алафҳои бегонаи зери дарахтони сояафкану гулҳои ороишии назди бино машғул гаштанд. Бояд қайд намуд, ки ин аксияи мазкур ҳар ҳафта рузҳои панҷшанбе аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузаронида мешавад.