ТАРБИЯИ СОЛИМУ СОЛЕҲИ ФАРЗАНДОН АЗ ОИЛА ВОБАСТАГӢ ДОРАД.

Данғара: Андеша  

Оила  дар  дини Ислом муқаддас ва муборак мебошад. оила, ки аз падару модар ва фарзандон иборат аст, ҷомеаи хурдтарин маҳсуб меёбад. Оила ҳамон вақт метавоанад, мустаҳакам шавад, ки ҳар як узви он вазифаи худро иҷро намояд. Бинобар ин, на танҳо вазифаи худро хуб донистан зарур аст, балки онҳоро хуб иҷро намудан мебояд. Дини мо нақши муҳими шавҳарро дар оила дастгирӣ мекунад, вале ин ҳаргиз маънои бар зан ҳукумрон будани ӯро надорад. Инчунин, маъно дорад, ки зан набояд истисмор шуда, дар тобеияти мард қарор дошта бошад. Паёмбарон (с.а.с) дар ин бора фармудааст: “Беҳтарини Шумо он аст, ки бо аҳли хеш беҳтар аст ва ман бо аҳли хеш аз ҳама беҳтарам”. Мақоми оила дар ҷомеа – мардон бар занон сарпарастанд ва дар ҷомеаи кӯчаки хонавода ҳаққи роҳбарӣ доранд ва ҳифзу нигаҳбонии занон ба уҳдаи онҳост, ба он хотир, ки Худованд барои ҳифзи низоми ҷомеа ва танзими хонавода мардонро дар баъзе сифатҳо бар занон бартариҳое бахшидааст ва баъзеро бар баъзе фазилат додааст.  Ҳамчунин барои  он, ки маъмулан мардҳо ранҷ ва барои оилаҳои хеш хело заҳматҳои шабонарӯзӣ мекашанд ва аз моли худ барои хонавода, яъне оила харҷ менамоянд. Пас, занонро месазад, ки занони солеҳа бошанд, ки фармонбардории амрҳои Худо ва мутеъи гуфтаҳоод буда, ҳифзкунандаи асрори оилавӣ бошанд, зеро Худованд ба ҳифзи он асрор дастур додааст.

Чунон, ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2014 “Соли оила” эълон карда буданд. Ин иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмоназ он далолат медиҳад, ки соли 2014 “ Соли оила” ин баланд бардоштани мақоми оила дар ҷомеаи ҷавони Тоҷикистон мебошад ва оила дар ҷомеа мақому манзалати хосеро дар худ дорост, аз он ҷумла ба пешрафти ҷомеа ва давлат, ки асосаш худи оила мебошад. метавон гуфт, ки дар зиндагӣ оиларо дар мадди аввал гузорем, чунки солимии фард ва одобу кирдор, тарбия ва хештаншиносиву худогоҳӣ, меҳанпарастиву ватандӯстӣ ва тарбияи ахлоқиро ах худи оила мегирад. Беҳуда нест, ки мегӯянд кӯдак тақрибан 70% - и таълим ва тарбияро аз оила, аз худи шахсони масъул, яъне падар ва модараш мегирад. Чунончӣ гуфтаанд, ки “Одамро трбияи зеҳнӣ намуда, тарбияи ахлоқиашро фаромӯш набояд кард”.  Огоҳ бошед, дар оилае, ки якдигарфаҳми ва ҳурмату эҳтирос ҳукумфармо бошад, хайру баракат аст ва хонадоне, ки он ҷо ҳамеша ҷанҷолу хархаша аст. Худованд рӯзияшонро кам мекунад. Аз ин рӯ, дар ҳифзи муҳити оилавӣ зану мард масъулияти баробар доранд. Ҳамин нуқтаро бояд хотиррасон намуд, ки ҳар як падару модар барои фарзандони худ бояд намунае бошанд, то дар ба камол расонии онҳо нақши муассире бозида бошанд.

Дар оила иффату покдоманӣ, ташкили хонаводаи хуб, тарбияи солиму солеҳи фарзандон, эҳтирому иззати байниҳамдигарӣ, меҳру шафқат, ғамхориву меҳрубонӣ ва ғайра аз арзишҳое мебошанд, ки дар тарбия ва рушди насли наврас нақши муҳим мебозанд. Пешрафти миллату давлат аз оилаи солим ва солеҳ вобаста аст.

АХМЕДҶОНЗОДА Наргис Давлаталӣ – мудири бахши оморӣ ва маҳзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара