ЗЕБОӢ, ДОНОӢ ВА ТАВОНОӢ АЗ ВАРЗИШ АСТ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баргузории машқи  пагоҳирӯзӣ  таҳти унвони  "Зебоӣ, тавоноӣ  ва доноӣ аз варзиш аст" Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  Маҷмааи  варзишии ноҳияи Данғара.

Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими солимии миллат, ҳар рӯзи шанбе дар қаламрави ноҳия  варзиш гузаронида мешавад.

Дар ҳамин асно, тибқи  нақшаи баргузории чорабиниҳои оммавӣ – варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои аз ҷониби сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ҳар рӯзи шанбе дар ҷойҳои мусоид барои машқҳои пагоҳирӯзӣ, боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ машқҳои пагоҳирӯзӣ доир карда мешаванд.

Ҳамин тавр, баҳри ташаккули тарзи ҳаёти солими аҳолӣ машқҳои пагоҳирӯзи дар ташкилоти ибтидоии  ҳизбӣ  доир мегарданд.