ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ ЗЕБОНИГОРӢ ВА САБЗУ ХУРРАМГАРДОНӢ ДАР НОҲИЯ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвоми миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ташаббуси МИҲД ноҳияи Данғара ва ҷамоати шаҳрак ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дар ҳудуди ноҳияи Данғара кӯчаю маҳалҳои аҳолинишин корҳои ободониву зебонигорӣ ва сабзу хуррамгардониро вусъат тоза бахшида истодаанд.

Иқдомоти мазкур ҷиҳати омодагии ҷиддӣ гирифтан ба таҷлили ҷашнҳои дар пешистода Наврӯзи - Аҷам ва махсусан, 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилу роҳандозӣ гашта, дар он аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва ҷонибдорони ҳизб, ва дигарон фаъолона ширкат варзиданд, ки шоистаи таҳсин буда, чунин ташаббусҳо дар оянда низ давом дода хоҳад шуд.