ТОҶИКОНА МЕПУШЕМ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 19-уми марти соли ҷорӣ тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби Президентӣ” ба хотири ҳифз ва нигоҳ доштани фарҳанги аҷдодӣ ва тарғиби либоси миллӣ инчунин ҷонибдорӣ аз аксияи “Тоҷикона мепӯшем” пӯшидани либоси миллӣ дар байни ҷавондухтарон, аксия баргузор гардид. Тазаккур бояд дод, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгорие аз гузаштагони мо аст, ки дар тӯли қарнҳо зебогиашро гум накарда бо рангу ҷилои нав аз насл ба насл густариш меёбад.

Зимни чорабинӣ қайд гардид, ки аввалин шинохти таърих ва фарҳанги ҳар миллат бо либоси миллӣ оғоз мешавад. Либоси миллии мо аз қадимулаём то ба имрӯз атлас ва адрас аст, дар осори шоирон таҷассум ёфтааст. Зани тоҷик бо либоси миллӣ зеботар ба назар мерасад. Аммо солҳои охир духтарони тоҷик бештар аз либосҳои миллӣ ба либосҳои хориҷӣ тавваҷуҳ мекунанд. Як зани тоҷик набояд ба ҷои либоси миллии худаш ба либоси хориҷӣ алоқа дошта бошад, зеро ин барои мо тоҷикон мардуми бофарҳанги зебо ва арзишманд ҷаззобият надорад.

Бинобар ин лозим аст, ки занону духтарони тоҷик қадри либоси миллиро бидонанд ва ба он эҳтиром бигузоранд, зеро ҳар як зани тоҷик бо пушидани либоси миллии худ шинохта шуда, мавриди эҳтиром аст.