ЧОРАБИНИҲОИ НАВРӮЗӢ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи тантанаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ имрӯзҳо мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ аз қабили гуштини миллӣ, шашкаю шоҳмот ва ғайра бо ташаббуси  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ҳудуди ноҳия баргузор гардида истодааст. Қобили қайд аст, ки бо ташаббуси Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Раҷаббек мусобиқа аз қабили гуштин баргузор карда шуд. Мақсад аз баргузор гардидани чорабиниҳои мазкур равнақу рушд  додани фарҳанги милии тоҷикон мебошад.