АМАЛИ ҚАБИЛИ ПАЙРАВӢ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Чун анъана дар ин рӯзҳо мардум баробарикишту кори баҳорӣ омодагиҳоро барои гузаронидани маросими чорабинии Наврӯзӣ мебинанд. Гул мешинонанд, майдону роҳравҳоро тоза мекунанд, барои ғолиб омадан дар бозиҳои варзишӣ машқу тамрин мекунанд.

           Баробари дигар амалҳои савоб шинонидану сабзонидани ниҳоле аз манфиат холӣ нест.

           Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста таҳкид менамояд, ки маоъулияти ободию ободкориро аз хонаю коргоҳи худ оғоз намоем.

           Дар рӯзи истироҳати аз ҷониби Оилаи Салимовҳо (шаҳрвандони Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик ) дар назди “Маркази фароғатии Салим” ниҳолҳои ороишӣ ва гулу гулбуттаҳои зиёде шинонида шуд.

            Ин амали хайр қабили дастгирию пайравии ҳар як сокин аст.