ИДОМАИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР” ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ НОҲИЯ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати ободу зебо ва шукуфон намудани Ватани азизамон, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо баргузор намудани Аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ санаи 14-уми марти соли 2024 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар ташкилоти ибтидоӣ “Нарӯз-1”-и Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх шанбегии дастаҷамъона бо иштироки аҳолии деҳа баргузор гардид.

Маврид ба зикр аст, ки ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳар рӯзи панҷшанбе аз ҳисоби аъзоёни ҳизб, ҳашари дастачамъона ташкил намуда, дар корҳои ободониву созандагӣ, тозагии дохил ва гирду атрофи маҳалла, тоза намудани ҷуйборҳо аз партовҳои ғализ, нарм намудани зери гулу буттаҳо саҳми босазои худро гузоранд.