СОХТМОНИ ҲОҶАТХОНА БО УСУЛИ ДРЕНАЖӢ БА РОҲ МОНДА ШУД.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо мақсади сохта ба истифода додани ҳоҷатхонаҳои замонавӣ бо усули дренажӣ пайваста бо сокинон суҳбату корҳои фаҳмонидадиҳӣ доир мегардад.Ин аст, ки натиҷаи чунин суҳбату вохӯриҳо самараи дилхоҳ ба бор оварда, шахсони саховатманди деҳаи Ибрати Ҷамоати деҳоти Тугарак дар назди бунгоҳи саломатии деҳаи номбурда  чунин бинои ҳоҷатхонаи замонавӣ, ки ҷавобгӯ ба ҳама талаботҳои замон аст, сохта мавриди истифодаи сокинони деҳа гардонида шуд.Бояд қайд намоем, ки мавҷуд будани чунин як иншооти гигиенӣ хатари сироятёбӣ ба ҳар гуна бемориҳоро кам менамояд ва ба ин хотир ин ташаббус аз ҷониби сокинон хуб пазируфта шуда, онҳо чунин иншоотҳои гигиениро дар манзилҳои истиқоматиашон бунёд намуда истодаанд.