ҲАШАРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба баргузории шамбегиҳо дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ва колеҷу литсейҳои ҳудуди ноҳия дар мактаби №26 бо ҷалби фаъолони ҳизбӣ шанбегии дастаҷамъона баргузор карда шуд. Зимни баргузории ҳашари дастаҷамъона атрофи роҳи асосии мошингарди ноҳияро тозаву озода намуда, бехҳои дарахтонро нарм, роҳравҳоро рубучин, гулҳои ороиширо батартиб дароварда, ҷуйборҳоро аз тагшинҳо тоза намуданд  тоза намуданд.