ОЛИҲАИ ҲУСНУ ЗИНАТАФЗОИ РӮЗГОР

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Дар васфи занону модарон шоирон шеърҳои зиёде иншо кардаву нависандагон асарҳои хонданбобе навишта бошанд ҳам, ҳанӯз ҳаёти воқеии зани тоҷик пурра тасвир нагардидааст.

Тарбияи атфолу насли наврас ба модарони босаводу мураббияҳои бомаърифат сахт вобастагӣ дорад. Аз мусоҳибаву хотираҳои аксари адибон бармеояд, ки муаллими нахустини онҳо модар будааст, ки ҳангоми хобонидани онҳо дар гаҳвора ба гӯшашон суруди алла сурудаву дар айёми кӯдакӣ барояшон афсонаҳои дилфиреб гуфтааст, то дар замири онҳо орзуи эҷодкорӣ  бедор гардад.
 

Чун соли 2024-ро дар кишвар «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудаанд, имрӯз бояд зани тоҷик ҳуқуқҳои худро нек донад. Вале баъзан мушоҳида мекунем, ки аксаран дар бозорҳо занҳоро ҳамчун манбаи қувваи арзони корӣ сӯистифода мебаранд. Набояд фаромӯш кард, ки занҳо дар ҳаёти оилавӣ ва тарбияи атфол низ масъул буда, қариб тамоми шикастурехти рӯзгор бар дӯши онҳост.
Чӣ сабаб шуд, ки имрӯз занони деҳот ба чунин вазъияти ноҳинҷор афтодаанд? Чаро онҳо беҷуръатиро ихтиёр карда, баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои хеш талош намеварзанд? Бо бечоранолию сабру сукут ихтиёр кардан оё ягон мушкилӣ ҳалли худро меёбад?

 

Биноан, имрӯз зани тоҷикро ҷасорату ғайрат мебояд, то дар зиндагӣ мавқеъ ва манзалати шоис-таи худро сазовор бошад. Шояд ба беиродагиву беҷуръатии занон то андозае мо – мардон низ саҳм дошта бошем, зеро ки ҳоло ҳам дар миёни мо мардоне ёфт мешаванд, ки ақлу хирад, заковат ва маслиҳати судманди занонро ҳамчун шахси масъули хонавода ва ҷузъи комилҳуқуқи ҷомеа ба эътибор намегиранд ва эътироф ҳам намекунанд. Яъне, аз ҳамин нуқта заъфи ҷомеаи мо оғоз меёбад, нодида гирифтани ҳаққу ҳуқуқу озодиҳо ва паст задани эътибори занон.
 

Имрӯз мушкилу сахтиҳои рӯзгор чандон бар дӯши занон бор шудааст, ки онҳо ҳатто вақти мутолиаи китоб, хондани рӯзномаву маҷалла, тамошои телевизиону ба театр рафтанро надоранд. Ҳамин андармониҳои зиёди рӯзгор ба ҳаёти онҳо чунон таъсири худро гузоштааст, ки эшон барои баланд гардонидани маънавиёту маърифати ҳуқуқии худ чандон вақт намеёбанд.
 

Инчунин, дар миёни аксари мардон ақидаи ноодилонае роиҷ аст, ки тибқи он корҳоро ба занонаву мардона ҷудо карда, баъзе корҳои вазнинро ҳам бар дӯши бонувон бор кардаанд. Имрӯз бархе аз мардон аз иҷрои баъзе корҳои рӯзгор нангу ор карда, онҳоро ба зиммаи занон вогузоштаанд. Масалан, хариди маводи ғизоӣ, ба кӯдакистон бурдану овардани тифлон, таълиму тарбияи кӯдакон ва ғайраҳо аз шуғлҳои доимиву ба қавле вазифаи асосии занон арзёбӣ мегардад. Мабодо рӯзе як мисол аз ин вазифаҳо ба таъхир монад, боз ҳам бонувон аз ҷониби мардони худхоҳ накуҳиш мешунаванд.
 

Аксаран мардум мепиндоранд, ки кору бори занони деҳотӣ назар ба зиндагии занҳои шаҳрнишин дида мушкилтар аст. Воқеан ҳам деҳот шароит   ва   талаботи   хосси   худродошта, масъулияти занҳоро дар оила боз ҳам бештару мушкилтар мекунад. Бар дӯши занони деҳотӣ бар замми ташвишҳои оилавӣ, боз кори саҳро низ бор гаштааст. Умуман, имрӯзҳо меҳнату ранҷи занони деҳотӣ дар ягон ченак намеғунҷад, зеро онҳоро пас аз кори тоқатфарсои саҳро боз саранҷомкунии ҳайвоноти хонагӣ, назорат ба тифлон, пухтупаз, рӯбучин, шустушӯ ва ғайраву ҳоказо корҳо интизор аст.
 

Акнун худ қазоват кунед, ки бо чунин вазъи зиндагӣ,  чӣ гуна зани тоҷик ба худтарбиякуниву худомӯзӣ, баланд гардонидани маънавияту маърифат ва зебоию орову торо додани худ машғул шавад?
 

Дарвоқеъ, сарбориҳои беҳадди рӯзгор баъзе бонувонро бармаҳал пиру дардманд карда, дар симои аксари онҳо аз ҳусну малоҳат, зебоиву назокати занона нишоне ҳам намондааст. Аксари занони деҳот бо чеҳраҳои офтобсӯхтаву дасту панҷаҳои дар гармову сардиҳои ҳаёт шахшӯлу  кафида рӯзгори ҳақиронае доранд.
 

Аммо барои аксари мардон, баръакс, зани зебову раъно, тозаву озода писанд аст, то ба меҳмониву тӯю сур рафтан ва дар кӯчаю гулгаштҳо  бо ӯ қадам задан барояш мояи ифтихор бошад. Эй мардон, боре ҳам аз худ бипурсед, ки:
– Зан кист?
– Дар ҷавоб гуфтанием, ки:
– Зан модари мо, ҳамсари мо ва ҳамшираи мост. Бинобар ин, моро зарур аст, ки ин ҷинси латифро аз ташвишҳои зиёди рӯзгор озод намоем, то онҳо рӯ ба маънавияту маърифат оранду дар тарбияи кӯдакон бештар саҳмгузор бошанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки «аз зани солим фарзанди солим ба дунё меояд». Модоме, ки мо хоҳони ҷомеаи солим ҳастем, аввал модарону занонро бояд беҳуда ранҷу озор надиҳем, онҳоро беш аз андозаи қуввату тоқаташон амру кор нафармоем. Зан бояд ҳамеша вазифаи модарии худро адо намояду ҳамчун олиҳаи ҳусну зинатафзои рӯзгори мо боқӣ монад.

Раҷабалӣ Худоёрзода,
«Ҳамрози халқ»