АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ ҲИЗБ ДАР АРАФАИ РӮЗИ МОДАР

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Дар арафаи Рӯзи модар Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Қумринисо Гулмуродзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб ва Неъматулло Иброҳимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ба дидорбинии се нафар собиқадори ҳизб, ки саҳми худро дар ободии мамлакат гузоштаанд, рафтанд.

Онҳо Ангелина Саидова, Робия Турдиева ва Рӯзигул Кучарова собиқадорони ҳизб буда, зиёда аз 40 соли фаъолият дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва ҳизбро доранд.
 

Зимни суҳбат бо модарони рӯзгордида Саидзода Ҷамшед Ҳамро, қайд кард, ки шумо модарони азиз барои ин миллату давлати соҳибистиқлол заҳматҳои зиёд кашидаед. Мо ҳизбиён дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоёни шуморо фаромӯш намекунем ва ҳар яки шумо барои мо азизу гиромӣ ҳастед.

Имрӯз таҷрибаи кору зиндагии ибратбахши модарони арҷманд барои насли наврасу ҷавон мактаби бузурги тарбия аст. Мо минбаъд низ кӯшиш мекунем, ки аз ҳолу аҳволи собиқадорон бохабар гардида, аз таҷрибаи кору пайкори шумо самаранок истифода намоем, гуфт Саидзода Ҷамшед Ҳамро.
 

Модарон аз ташрифи меҳмонон изҳори миннатдорӣ карда, қайд намуданд, ки имрӯз мамлакати мо бо талошу заҳматҳои Пешвои миллат, марди оқилу дурандеш, фарзанди фарзонаи миллат, ғамхори модарону бонувони тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз ободу зебо гардида истодааст.

Аз солҳои фаъолияташон ёдоварӣ карда, иброз доштанд, ки дар он солҳо техника ва технология қариб, ки набуд, тамоми кори ҳуҷҷатгузорию дигар корҳо дастӣ анҷом дода мешуданд. Норасоии ашёи корӣ низ бештар буд. Мардуми тоҷик рӯзҳои сахту сангини солҳои ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузарониданд. Хушбахтона, имрӯз дар кишвари мо сулҳу субот, тинҷию оромӣ ҳукумфармост.
Инчунин, модарон дас-ти дуо бардошта, дар ҳаққи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демок-ратии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуои нек карданд. Бояд зикр кард, ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ба модарони рӯзгордида туҳфаҳои молиявӣ ва маводи ғизоӣ, аз қабили орду равған, биринҷу сабзӣ ва картошка тақдим карда  шуд.

Амонҷон МУҲИДДИНОВ,
«Ҳамрози халқ»