ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба ифтихори Рӯзи модар чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демок-ратии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, занони собиқадори ҳизб, муовинони раис, кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи  вилоят ва ноҳияи Кӯшониён иштирок доштанд.

Нахуст, Қумринисо Гулмуродзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб чорабинии идонаро ифтитоҳ бахшида, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми занону бонувон ва модарони тоҷикро ба ин рӯзи муборак таҳният гуфт.
 

Инчунин, Саидзода Ҷамшед Ҳамро зимни баромади хеш қайд кард, ки таҷлили Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор ва омад-омади Наврӯзи хуҷастапай ҳамчун рамзи сарсабзӣ, ободию осоиштагӣ ва муҳаббат ба зиндагӣ рост омада, аз бузургии занону модарон башорат медиҳад. Модар фариштаи рӯйи замин, офарандаи ҳаёт ва сарчашмаи зиндагист.
 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демок-ратии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамеша нисбат ба зан-модари тоҷик эҳтироми хоса доранд. Имрӯз бо дастгирию ҳидоятҳои Пешвои миллат занону бонувони тоҷик дар арсаи роҳбарӣ нақши пешоҳангӣ доранд.
 

Пешвои миллат дар яке аз Паёмҳои хеш ироа доштанд, ки: "Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ минбаъд густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеа қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем".
 

Ҳамин аст, ки имрӯз бонувони вилояти Хатлон бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ қариб дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолияти босамар дош-та, бо иқдому ташаббусҳои созандаи хеш дар рушду пешрафти ин сарзамин саҳми арзанда гузошта истодаанд.
 

Бо истифода аз фурсати муносиб, Рӯзи модар, баҳори хуҷастапайро ба Шумо бонувон, модарони гиромӣ ва дар симои шумо тамоми зан-модари тоҷикро ба ин рӯзи фархунда шодбош гуфта, бароятон тансиҳатию хонаободӣ ва сарсабзию сарбаландӣ таманно менамоям, гуфт дар охири суханронӣ Саидзода Ҷамшед Ҳамро.
 

Дар идомаи чорабинӣ Тутихон Назарова, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Бохтар ва Солеҳа Қосимова, раиси Шурои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар аз хизматҳои шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа изҳори хушнудӣ карданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки Роҳбари давлат барои расидан ба ин рӯзҳои нек ҷони худро фидо карданд, то ин ки мо модарону фарзандони ин сарзамини биҳиштосо зиндагии осоишта дошта бошем.
 

Дар охир ба занону модарон туҳфаҳои молиявии таъсисдодаи  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тақдим карда шуда, ба хотири болидаруҳии онҳо барномаи рангини консертии фарҳангчиёни ноҳияи Кӯшониён пешкаш гардид.

«Ҳамрози халқ»