МИЗИ МУДАВВАР БО ФАЪОЛЗАНОНИ ҲИЗБӢ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Дар Кохи афсарони шаҳ-ри Душанбе бо фаъолзанони ҳизбӣ, иштирокчиёни курси бозомӯзӣ барои раисони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мизи мудаввар доир гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар мизи мудаввар Мавлон Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Манижабону Аминзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва гендерии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раисони Кумитаҳои иҷроияи ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои Душанбе ва Суғду Хатлон иштирок доштанд.
 

Нахуст, Мавлон Хайринисо Юсуфӣ мизи мудавваро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро  бо омад-омади Рӯзи модар ва фасли зебову шукуфтанҳои баҳори хуҷастапай шодбош гуфт.
 

Сипас, раисони тозатаъини кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Хоруғ, Муъминобод ва Конибодомро ба ҳозирин муаррифӣ карда, ба онҳо барои иҷрои вазифаи пурмасъули ҳизбӣ барору комёбиҳо таманно намуд.
 

Зимни суҳбат Мавлон Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демок-ратии Тоҷикистон  вобаста ба моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъин намудани занону бонувони фаъ-ол дар вазифаҳои роҳбарӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, аз ҷумла тарбияи дурусти фарзанд, тарғиби фарҳанги миллӣ, риояи Одобномаи ҳизбӣ, вусъат бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар маҳал, корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ак-сияҳои ҳизбӣ ва истиқболи шоиста аз 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сухан гуфта, иброз дошт, ки имрӯз зани тоҷик на танҳо модари мушфиқу меҳрубон ва ғамхори ҳамешагии оила аст, балки пеш аз ҳама шахсият ва узви комилҳуқуқи ҷомеа, роҳбари кордон, ҷамоатчии фаъол ва фарди созандаву бунёдгари давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва демократии мост.
 

Давлату Ҳукумати Тоҷи-кистон баҳри боз ҳам тақвият бахшидани  мақому манзалати занон пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Барои ба таври шоиста баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳ-барикунандаи Ҷумҳурии То-ҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатмандро 20 сол қабл қабул кард, дар доираи татбиқи ин санади муҳим масъалаи ҷалби занон ба корҳои давлатдорӣ, идораи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои занон, тайёр намудани кадрҳои болаёқат аз ҳисоби ҷавондухтарон, беҳдошти хизматрасонии тиббӣ, пешгирии фавти модару кӯдак ва риояи ҳуқуқҳои баробари занону мардон тадриҷан ба эътидол оварда мешаванд.
 

Дар охир занону бонувони фаъоли ҳизбӣ аз кору фаъолияти хеш дар сатҳи маҳал, пешрафту шукуфоии сарзамини аҷдодӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ва амсоли ин фикру андешаҳои хешро баён намуда, барои ташкилу баргузории курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ, вилоятҳо ва мизи мудаввар изҳори миннатдорӣ баён карданд.

“Ҳамрози халқ”