АЁДАТИ СОБИҚАДОР.

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар арафаи идҳои Баҳору Наврӯз раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоқикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид, раиси Ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯд Икромзода Суҳроб ва раиси ташкилоти ибтидоии Ҳизбии Заминсоз Раҷабзода Исломиддин собиқадори меҳнат, ки собиқаи 40 – соли корӣ дорад аёдат намуданд. Холматова Қиматгул 08.03.1932 тавалуд шудааст. Имсол 92 солагиро пур карда ба 93 даромаданд.Момаи Қиматгул тавонистааст дар солҳои душвори зиндагӣ 14 фарзандро ба воя расонида соҳиби 90 набера ва 15 абера мебошад.

           Ӯ саломатияшро хуб арзёбӣ мекунад ва сирри онро пайваста ба меҳнати ҷисмонӣ машғул буданро медонад.