КОРҲОИ ОБОДОНИ БАХШИДА БА ИСТИҚБОЛИ 35 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ як зумра ташаббусҳои созанда аз ҷониби ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ рӯйи кор омада, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва сатҳиз индагии сокинони кишвар беҳбудӣ ёфтаистодааст.   

Дар ин замина дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Баҳори”-и ноҳияи Фархор бо корбарии раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Шарипов Мирзошариф корҳои ободонию хурамгардонӣ ба роҳ монда шуд. Сакинони деҳаи Баҳор чанде пеш иқдом намуда буданд, ки роҳи деҳаро, ки алакай мумфарш шудааст бо саҳми бевоситаи ҷавонон ва онҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ҷароғон чароғон намуданд. Ҷавонони саодатманди деҳа дар ин кори хайр зиёда аз100 адад симчубҳои оҳанин ва чароҳои бо қувваи офтоб коркунанда насб намудаад, ки рафтуосади сокинони деҳаро осон намуда ба деҳаи Баҳор ҳусни дигар зам мекунад