Аёдати зани собиқадор

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба “Рӯзи Модар” санаи 08.03.2024  аз тарафи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ-Сафар Ҳафиза ва кормандони масъули ҳибӣ аёдати зани собиқадор Қобилова Лола ба роҳ монда шуд. Зимни аёдат масъулин аз ҳоли аҳволи апаи Лола пурсон шуда, баъдан ин зани собиқадорро бо Рӯзи Модар табрик намуданд ва ҳамзамон тӯҳфаи идона тақдим намуданд.Зимни аёдат гуфта шуд, ки зан дар оилаи тоҷикон ҳамеша нақши муҳимро дошт ва дар ҷои намоён хоҳад монд, зеро иффату зебоӣ, хоксориву маърифатнокӣ хусусияти хоси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Вақте, ки зан худаш соҳиби маълумот ва соҳибмаърифат аст, фарзандони он ҳам бомаърифат ва китобхон мешаванд. Хислатҳои неки модарашонро дар худ парвариш медиҳанд ва ба модарашон пайравӣ мекунанд. Маҳз ҳамин таҷрибаҳоро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳо ва паёмҳои ҳарсолаашон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа диққати ҳамагонро ҷалб месозанд. Бояд қайд намоем, ки аз иқдоми пешгирифтаи КИ ҲХДТ дар ноҳия Қобилова Лола- зани собиқадор хушнуд гардида, пеш аз ҳама Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ва ташаббускорони ин иқдомро дуои хайр намуданд.