ВУСЪАТ БАХШИДАНИ «АКСИЯИ ТОЗАГӢ»

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз тарафи волонтёрони ҳизбӣ,  хонандагони  синфҳои болоии Муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №67 – и ноҳияи Данғара Аксияи тозагӣ доир гардид. Дар Аксияи мазкур  волонтёрони ҳизбӣ ва хонандагони  синфҳои болоии Муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №67 – и ноҳияи Данғара ба тоза кардани шоҳроҳҳо ва гирду атрофи муассисаи номбурда аз партовҳо, нарм намудани бехи дарахтони сояафкану ороишӣ, шинонидани дарахтони ҳамешасабз, бартараф кардани хасу хошокҳо аз заҳбуру заҳкашҳо камари ҳиммат бастанд.