АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси барқияи телефонии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз 6 марти соли 2024, №1/2-08 ҷиҳати ободу зебо ва шукуфон намудани Ватани азизамон, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо баргузор намудани Аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ, имрӯз санаи 7-уми марти соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, волонтёрони ҳизбӣ ва ҷалби аъзо фаъоли ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.

         Дар ин шанбегӣ иштирокдор дар гирду атрофи биноҳои ташкилотҳо корҳои ободонию тозагардонӣ баргузор намуда, гулҳои ороишӣ ва дарахтҳои ҳамешасабз шинонида шуд.