КОРМАНДОНИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ НОҲИЯВИИ ҲИЗБ ШАНБЕГИ ТАҲТИ УНВОНИ «ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР» ДОИР НАМУДАНД

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ, нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва тозаю зебо гардонидани маҳалли зист  ва сазоваор таҷлил намудани ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла 35-уми солгарди Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома доранд.

Дар шанбегӣ кормандони Кумита атрофи коргоҳи  худро аз ҳар гуна алафҳои бегона, хазонбаргҳо ва дигар партовҳо тоза намуда, ба ин васила саҳми худро дар сарсабзу хуррамгардонӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити гирду атроф ва тоза нумдани назди муассисаи худ гузоштанд.