АЁДАТИ САРБОЗОН

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи   2 марти  соли 2024 бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Ҷамият-деҳқон” Рақибов Киромиддин дар қисми ҳарбии  02214 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Шаҳритус зиёфати дасторхони идона ба муносибати ҷашни 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ташкил карда шуд.  

        Инчунин, дар қисми низомии номбурда маводҳои ғизоӣ аз қабили картошка, пиёз, равған, шакар,  гӯшт  ёрдам  карда шуд.