ЛЕВАКАНТ: НАҚШИ БОЗИИ ШАШКА ДАР БАЛАНД ГАРДИДАНИ ҚОБИЛИЯТИ ЗЕҲНИВУ ФИКРӢ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббус ва доираи Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бахшида ба “Рӯзи Модар” бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и Литсейи давлатии №2-и шаҳри Левакант мусобиқа оид ба “Шашка” байни ҷавонон баргузор гардид, ки дар он ҷавонони синфҳои болои ширкат варзиданд.

Мақсад аз баргузории мусобиқа ин иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани қобилияти зеҳниву фикрии ҷавонону наврасон, пешгирӣ намудан аз паҳн шудани ақидаҳои ифротӣ, инчунин рушди ин намуди варзиш аз роҳи ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии беҳтаринҳо дар ин самт мебошад.