МАРДҲОИ ҚУРОҚДӮЗИ ХАТЛОНӢ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Дар баробари занону бонувони ҳунарманд, инчунин мардҳое низ ҳастанд, ки дар рушди ҳунарҳои миллии қадимӣ саҳми арзанда доранд. Абдуназар Маматалиев ва Худойназар Ҷабборов мардҳое ҳастанд, ки бо доштани ҳунару маҳорати хуби дӯзандагӣ санъати қуроқдӯзиро рушд медиҳанд. Ҳунаре, ки онҳоро миёни мардуми ноҳия ва берун аз он ҳамчун қуроқдӯзи касбӣ муаррифӣ кардаву устоди даҳҳо нафар гаштаанд.

Абдуназар Маматалиев, дар деҳаи Навзамини Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон зиндагӣ мекунад. Субҳи босафои ӯ бо дӯхтани курпачаю болишт ва чодарӣ оғоз мешавад. Ӯ ягона марди қуроқдӯз дар ноҳияи Хурсон буда, алоқамандони кораш кам нест.

Устоди аввалини ин мард модараш буд, ки мегӯяд ҳамеша қуроқиҳои зебову диданӣ омода мекард. Қуроқиҳои омодакардаи модараш, ки аз матоъҳои рангоранд омода мешуданд, ба ҳусни хона зебоии дигар зам мекарданд.  Абдуназар ҳамеша барои хариди матоъ ҳамроҳи модар ба бозор мерафт ва гоҳо дар буридану пайваст кардани матоъҳо ба модараш кумак мерасонд. Оҳиста-оҳиста нозукиҳои ин навъи ҳунари қадимиро аз худ кард.
 

«Он чизе, ки модарам медӯхтанд, бисёр зебо ва диданӣ буданд. Ман, ки зебоиро дӯст медорам, ба ин кор зуд дил бастам ва барои ҳунарманди касбӣ шудан, талош кардам. Барои дӯзанда шудани ман касе аз хонавода зид набуд, баръакс ташвиқам мекарданд. Аслан дар хонаводаи мо интихоби касб озод буд»,-нақл мекунад қуроқдӯз.
 

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ҳар ҳунаре, ки ба дӯхтани матоъ рабт дорад, онро хосси занон мешуморанд, вале қаҳарамони мо Абдуназар Маматалиев ба ин фикр розӣ нест ва мегӯяд ҳунар доди Худованд аст ва барои расидан ба муваффақияту комёбӣ ба суханони ноҷо ва беарзиши баъе инсонҳо бетаваҷҷуҳӣ зоҳир кард.
 

Ӯ беш аз 13 сол аст, ки ба дӯхтани ин навъи ҳунари қуроқдӯзӣ машғул аст. Курпачаю болишт ва чодарӣ медӯзад. Ҳунаре, ки то ба имрӯз дӯст дошту онро бо шавқ анҷом медиҳад. Шояд дар деҳаҳои ҷамоату шаҳраки ноҳияи Хуросон занону бонувони қуроқдӯз зиёд бошанд, аммо дар деҳаи Навзамини Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳия танҳо Абдуназар ва хонаводааш қуроқӣ медӯзанд.
«Аз қуроқдӯзӣ модарам баракт ёфта буд, ман ҳам ҳамчунин. Акнун ба фарзандонам нишон додам. Мо дар як рӯз то 6 курпачаву болишт медӯзем. Нархи онҳо гуногун аст. Қуроқдӯзӣ осон нест, зеро аз чанд матоъ таёр мешавад. Интихоби ранг ва мувофиқ пайваст кардани онҳо низ аз ҳар як ҳунарманд маҳорати баланди касбиро талаб мекунад. Харидорон бештар ба рангу зебоии он таваҷҷуҳ мекунанд»,- мегӯяд ҳунарманд.

 

Қаҳрамони мо дар ҷодаи интихобкардааш таҷрибаи бой дорад. Маҳсулот ва кори босифати ӯро масъулини идораи шуғли аҳолии ноҳияи Хуросон дида, барои ҳамкорӣ даъват карданд. Бо ташаббуси бевоситаи мақомоти ноҳия барои занону духтарони хонашин курсҳои дӯзандагӣ ба роҳ монда шуд, ки Абдуназар ба зиёда аз 20 нафар ҳунари қуроқдӯзиро омӯзонид дод. Ҳамчунин ба духтарони деҳа низ ҳунарашро нишон дода, дар ин ҷода онҳоро дастболо кардааст.
 

Чанд сол пеш Абдуназар мисли ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик бо орзуи пайдо кардани ҷойи кори  муносиб ва даромади бештар ба муҳоҷират рафт ва давоми се моҳ ба ҳайси сохтмонсоз кор кард. Вале кори сахту сангин ва ташвишҳои ҳуҷҷатгузорӣ ӯро дубора ба зодгоҳаш овард ва ба кори дӯзандагиаш идома бахшид. Маҳсули дастранҷи ин марди ҳунраманд ҳамеша дар чорабиниҳои фарҳангии ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба маърази тамошо гузошта мешавад. Борҳо соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст.
Бояд гуфт, ки калимаи «Қуроқ» ё худ «қуроқдӯзӣ»  маънои порчаҳои матоъро ба ҳам пайваст карда, нақш офаридан аст. Бо воситаи ин намуди ҳунар дастархон, чодари арӯсӣ, кӯрпаву кӯрпача, болиштпӯш ва амсоли инҳо медӯзанд.

 

Таърихнигорон мегӯянд, ки санъати қуроқдӯзиро лиёфдӯзӣ, порчадӯзӣ низ меноманд. Санъати қуроқдӯзӣ ин тавлиди (дӯхтани) маснуоти мухталифи хонагӣ бо тариқи дӯхтани порчаҳо ё резгиҳои матоъ мебошад. Дар замони муосир бошад, ин пешаро ба сатҳи волои ҳунарӣ расондаанд. Дар Осиёи Марказӣ қуроқдӯзӣ оину суннатҳои хоси худро дошта, аз давраҳои қадим то замони мо омада расидааст. Қуроқ - лиёф ё порчае мебошад, ки аз онҳо ҷома ё яктаки дарвешу қаландарҳо дӯхта мешуд, ки бо номҳои «мурақаъ» ё «ҳирқаъ» маъруф буд. Намояндагони тасаввуф низ ҳамин ҳирқаъҳоро бар тан мекарданд. Дар байни мардум чунин ақида роиҷ буд, ки ҷомаҳои қуроқ ё мурақаъ аз балоҳои осмонӣ ва заминӣ инсонро нигаҳ медоранд. Дар расми мардуми тоҷик шаклҳои гуногуни қуроқдӯзӣ мавҷуд аст.
 

Худойназар Ҷабборов, қуроқдӯзи дигаре аз ноҳияи Қубодиён аст, ки аз давраи Шӯравӣ ба ин навъи ҳунари қуроқдӯзӣ оғоз кардаву онро то кунун идома дода истодааст. Дар тамоми дохили хонаҳои ин марди ҳунарманд кӯрпачаю болишт ва ё чодарию миёнбандҳои қуроқии зеборо метавон дид, ки ба ҳусни хона зебогии дигар зам кардаанд.

Ҳар порча матои нолозим барои ман ва хонаводаам арзишманд буда, аз онҳо курпачаҳои қуроқӣ омода менамоем. Маҳсулотам пурхаридор аст, ҳам фармоиш мегирем ва ҳам дар бозори ноҳия мефурӯшем. Қуроқдӯзи санъате аст, ки ҳам нон медиҳад ва ҳам ном. Маҳсули дастранҷи ман то ба вилояту Душанбе ва вилояти Суғд расидаанд,-иброз медорад, Х. Ҷабборов.
 

Ба гуфтаи ин ҳунарманд санъати қуроқдӯзӣ дар замони Шуравӣ маҳбубияти зиёд дошт ва дар хонаи ҳар як навхонадорон қуроқӣ дида мешуд. Аммо баъди суқути Шуравӣ то андозае аз байн рафт. Хушбахтона солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» имкон фароҳам овард, ки чунин ҳунарҳои қадимӣ дубора эҳё гардида, кори ҳунармандон дучанд рушд кард.
«Ҳар як миллатро бо урфу одат ва санъати баландаш мешиносанду эҳтиром мекунанд. Мо миллати тоҷик аз қадим ҳунарманд будем, ҳастем ва мемонем. Ҳунари мо муаррифгари давлату миллат дар арсаи ҷаҳон мебошад. Ман дар як гӯшаи ҳавлиям осорхона ташкил кардам, сайёҳони зиёд аз давлатҳои гуногун ба ин ҷо меоянд. Чодариҳои қуроқиро дида, дар ҳайрат мемонанд ва мехаранд»,-мегӯяд қуроқдӯз.

 

Қаҳрамонони мо Худойназар Ҷабборов ва Абдуназар Маматалиев дар ҷодаи санъати қуроқдӯзи устоди даҳҳо нафар духтарони деҳа гаштаву то кунун ҳунарашонро ба дигарон нишон медиҳанд. Талош доранд, ки шогирдони зиёдеро ҳунарманд намоянд, то идомадиҳандаи корашон бошанд.

 «Ҳамрози халқ»