БУНЁДИ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ ДАР ҚУБОДИЁН

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Тибқи нақшаи чора-биниҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияи Қубодиён бунёди 129 иншооти хурду бузург сохта ба истифода дода мешавад.
 

Алиҷон Тоҷиев, муовини раиси ноҳия дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки соли 2023 42 адад иншооти таъ-иноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки ҳаҷми маблағи онҳо 32,1 миллион сомониро ташкил медиҳад.
 

Инчунин, дар ноҳия 30 адад корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 5 адади он навтаъсис буда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 153,6 миллион сомониро дар бар мегирад.

"Ҳамрози халқ"