ТАҲСИЛИ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ БОХТАР

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Маҳмадалӣ Қурбонзода, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки айни замон дар Донишгоҳ 132 нафар донишҷӯён аз кишварҳои хориҷ таҳсил доранд, ки 125 нафари онҳо аз Узбекистон, 1 нафар аз Туркманистон, 3 нафар аз Афғонистон ва 2 нафар аз Русия мебошанд.
 

Дар соли 2023 дониш-гоҳро 31 нафар донишҷӯёни хориҷӣ, аз он ҷумла 26 нафар аз Туркманистон, 4 нафар аз Ӯзбекистон ва як нафар аз Афғонистон хатм намуда, сазовори диплом гардиданд.
 

Ба гуфтаи Маҳмадалӣ Қурбонзода дар Донишгоҳ раванди таълим аз рӯи 94 ихтисос ба роҳ монда шуда, 14 факултет ва 43 кафедра амал менамояд.