РОДМАРДОН-ҲИМОЯТГАРИ ВАТАН

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Дар асоси нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо ташаббуси Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ дар қисми ҳарбии Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Муминзод Абдулмаҷид, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар, Неъматулло Иброҳимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва фаъолону собиқадорони ҳизб иштирок намуданд.

Нахсут, Муминзод Абдул-маҷид, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар зимни суҳбат бо сарбозону афсарон қайд кард, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар барои ҳар як ҷавонмарди ватандӯст шараф ва боиси сарфарозист, зеро сарбоз пеш аз ҳама ҳимоятгари марзу буми кишвар мебошад.
 

Ҳамчунин Саидзода Ҷам-шед Ҳамро зимни вохӯрӣ бо афсарону сарбозон ҳайати шахсии қисми низомиро ба муносибати 31-солагии таъсисиёбии Қувваҳаи Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, дар иҷрои масъулияти муҳим, хизмати Ватан-Модар ба онҳо муваффақиятҳо таманно намуд.
 

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади раҳнамоии ҷавонон ба шуҷоатмандиву далерӣ, дӯст доштани обу хоки диёр, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ, риояи меъёрҳои ҳарбӣ ҳамчун асоси ба камол расидани онҳо ва дар ин замина ривоҷ додани тарбияи ҳарбию ватанпарастӣ, ки аз самтҳои афзалиятноки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, -таъкид дошт Саидзода Ҷамшед Ҳамро.
 

Ҳамзамон модарону собиқадорони ҳизб доир ба  далерию шуҷоатмандии         сарбозону афсарони кишвар анде-шаҳояшонро баён намуданд. Бояд қайд кард, ки аз ҷониби Шурои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар барои афсарону сарбозони қисми низомӣ дастархони идона ороста шуда, ба хотири болидаруҳии онҳо суруду таронаҳо дар васфи Ватан-Модар пешкаш гардид.
 

Дар идомаи чорабинӣ як қатор афсарону сарбозони қисми низомӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар сарфароз гардонида шуданд.

Амонҷон Муҳиддинов,
“Ҳамрози халқ”