ҲАДАФ-БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ТАХАССУС

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тахассус, савияи дониши сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии кормандони ҳизбӣ ва мушаххас намудани самти фаъ-олияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар марҳилаи имрӯза аз 26 феврал то 2 марти соли ҷорӣ курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид.

Дар маросимси ифтитоҳи курси бозомӯзи, ки субҳи 26 феврал дар бинои Кохи афсарон сурат гирифт. Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, муовинони Раиси ҲХДТ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
 

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ зимни сухани ифтитоҳӣ қайд кард, ки инак, соли чорум аст, ки курси бозомӯзӣ бо барномаи пурмазмун, омодагии ҷиддӣ ва дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ доир мегардад.
Мавсуф инчунин, зикр намуд, ки ҳадаф аз ташкил ва баргузор намудани курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроия ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва фаъолони ҳизб тақвияти маҳорати касбии кормандони ҳизбӣ, омӯзиши роҳу воситаҳои муосири корбарӣ миёни мардум, беҳтар намудани сатҳу сифати корҳои дохилиҳизбӣ, татбиқи самараноки санадҳои муҳими вобаста ба ҳизб, аз ҷумла барномаҳои қабулшуда ва дарёфти тарзу усулҳои фаъолияти муосиру ҷавобгӯй ба талаботи рӯз мебошад.

 

“Барои дар сатҳи баланд ва натиҷабахш ҷамъбаст гардидани чорабинӣ тасмим гирифтем, ки мавзуъҳои муҳиму ҳалталаби ҷомеаро ба барномаи курс ворид намуда, мутахассисони баландсавияву варзидаи соҳаҳои гуногуни мақомоти ваколатдору салоҳиятдори давлатиро барои маърӯза ва суҳбату андешаронӣ даъват намоем.
 

Маърӯзаву пешниҳод ва тавсияи олимону коршиносон ва мутахассисони варзида аз соҳаҳои гуногун барои ҳар як нафари шумо дар самти тақвияти кори ҳизбӣ бағоят пураҳаммият ва омӯзанда хоҳад буд. Муваффақияти кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба фаъолияти пурсамар ва содиқонаи ҳар як роҳбар ва корманди он вобаста мебошад.

Моро зарур аст, ки аз ин имкониятҳо самаранок истифода барем. Зеро дар бисёр самтҳои фаъолияти ҳизбӣ ҳанӯз ҳам камбудиҳои ҷиддӣ ҷой дош-та, баъзе масъалаҳо ҳалли дурусту оқилона ва ислоҳи саривақтии худро мехоҳанд. Вобаста ба ин вазифагузорӣ ва тавсияҳои мушаххасро, ки фарогири ҳама самтҳои фаъолият мебошанд, дар рӯзи охирини курси бозомӯзӣ махсусан таъкид хоҳам кард.
 

Фаъолияти доимиву муназзами худро идома бахшида, бо дастуру ҳидоятҳои роҳбари маҳбуби худ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша баҳри дарёфти роҳу воситаҳои муосири корбарӣ бо мардумро ҷустуҷӯ намоем. Дар ин раванд мо бояд маърифати қавии сиёсӣ ва сатҳи зеҳнии кормандони ҳизбиро баланд бардорем, то ҳар нафари онҳо аз равандҳои инкишофи ҷомеа огоҳ бошанд. Маҳз фаъолияти огоҳонаву мақсаднок ва илмиву мантиқан асоснок самараи дилхоҳ ба бор меоварад.
 

Итминон дорем, ки курси омӯзишӣ барои кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дарку фаҳмиши масоили сиёсӣ, беҳтар намудани фаъолияти гуногунсамти ҳизбӣ ва дарёфти роҳу воситаҳои беҳтари он мусоидат хоҳад намуд, – афзуд Абдуҷаббор Азизӣ.
 

Сипас, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро бо сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли сокинони кишварамон ҳамчун ҳизби мардумӣ эътироф кардаанд ва дар асоси иродаю боварии самимӣ атрофи он муттаҳид мешаванд. Унсури асосии муттаҳидсозию ба фаъолияти созанда раҳнамун кардани ҷомеа, пеш аз ҳама, дар асоси дарку амалисозии талаботу манфиатҳои мардум ба даст меояд.
 

Мавсуф ҳамзамон зикр намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи пешбар дар баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, тарғиби дастовардҳои навини соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдат ва ягонагии Тоҷикистон, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши бузург бозида, миёни аҳли ҷомеа маҳбубияти хосро соҳиб гардидааст. Муҳимтарин нукта он аст, ки халқ ба ҳизб ҳамчун ба неруи созанда ва раҳнамо эътимод дорад ва ба он такя мекунад.
 

Қобили зикр аст, ки фаъолияти кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо роҳнамоиву дастгириҳои бевоситаи Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол беҳтар гардида, мақоми он миёни дигар ҳизбҳои сиёсӣ волову муассиртар гардида истодааст.
 

Дар идома таъкид шуд, ки дар барномаи амалии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа инъикос ёфта, мушкилоту проблемаҳои мардум дар маркази таваҷҷуҳи ҳизб қарор доранд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз лиҳози корбарӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои сиёсати байналмилалӣ ба сатҳу марҳилаи нав ворид гардида, аз ин рӯ кормандони масъули ҳизб ва аъзои ҳизбро мебояд фаъолият ва интизоми ҳизбиро низ дар сатҳу сифати нав ба роҳ монанд.
 

Ёдрас мешавем, ки дар асоси барномаи курси бозомӯзӣ, баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, суҳбату вохӯриҳо, мизҳои мудаввар ва боздид аз ташкилотҳои ҳизбии ҳудуди пойтахт ҷиҳати таҷрибаомӯзӣ дар назар аст.
                                                                                                           

   hkhdt.tojikiston