ВОХӮРИ БО ҶАВОНОН ДАР МТМУ №51

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод ҷиҳати вохӯрӣ бо сокинон ва ҷавонони кишвар вобаста ба риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» бо иштироки роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Муъминобод, Раҳимов Фурқат миёни хонандагони синфҳои болоӣ ва сокинони ноҳия вохӯриҳо доир гардида истодаанд.

Дар доираи ин вохӯриҳо бо иштироки роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан», Раҳимов Фурқат  ва директори муассиса бо хонандагони синфҳои болои суҳбат ва мулоқот доир карда шуд.

Раҳимов Фурқат  зимни суханрони иброз намуданд, ки риояи қонунҳои мамлакат ин танзими кору фаъолият ва зиндагии сокинон аст. Аз ин рӯ ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки қонунҳои асосиро риоя намуда, баҳри пешрафти зиндагии худ ва давлату мамлакат таъсиргузор бошад.