Соати сиёсии навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гулистон”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

    Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ низ соати сиёсӣ бо тартиби муайян ва тибқи нақшаи Амалиёти муштарак доир карда шуд. Соати сиёсиро дар муассисаи мазкур директор Суфиев Раҷабалӣ ва омӯзгорони ботаҷриба пеш бурда, атрофи масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ намуданд. Дар идома масъулин қайд намуданд, ки иқдоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми саривақтӣ буда, дар самти роҳандозӣ намудани амалиёти мазкур ва бо ин васила баланд бардоштани тафаккури сиёсии наврасону ҷавонон шоиста арзёбӣ меёбад.