ҲАШАРИ БАРФТОЗАКУНӢ БО ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ МАҶМААИ ВАРЗИШИИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА.

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Субҳи имрӯз, дар асоси дастуру супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ҳашари барфтозакунӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо иштироки кормандони Муассисаи давлатии маҷмааи варзишии ноҳияи Данғара баргузор гардид.

Ҳадаф аз ин ҳашари барфтозакунӣ тозаву озода нигоҳ доштани фазои табиати маҳал, ташаккули ҳаёти солим, инчунин муҳайё намудани шароити хуби корӣ дар ноҳияи Данғара мебошад.