ДАР ТОЗАГӢ САҲМИ БОСАЗО МЕГУЗОРЕМ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Бориши зиёди барф дар шабонарӯзи охир дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён боиси сар задани мушкилоти зиёде миёни аҳолӣ гардид. Дар ин рӯзҳои сербарф дарахтон аз бориши барфи зиёд хамзада ҳолати шикастаншон ба мушоҳида мерасад. Барои бартараф кардани ин мушкилот аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Исмоили Сомонӣ” Каримов Ширинбек ва кормандони ин ташкилот дар роҳи марказии ноҳияи Кӯшониён дарахтонро аз барф тозанамуданд ва бехатарии онро барои шаҳрвандон таъмин намуданд.Кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, чун ҳамешагӣ дар ин маърака пешсаф буданд. Баробари ташкил намудани ҳашари барфтозакунӣ худи онҳо низ якдилона ба ҳашар баромада, дарахтони маркази ноҳияро аз яху барф тоза карданд, то ҳар як роҳгузар, бемамониат гузашта тавонад. Ин ташаббуси кормандони ташкилоти ҳизбиро дида, ташкилоту идораҳои ҳамсоя низ ба ҳашари онҳо пайравӣ намуданд.