ФАЙЗУ БАРАКАТИ БАРФ ДИГАР АСТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Воқеанҳам ҳам ҳар як фасли сол бо ҳодисаҳову зебогиҳои нотакрораш мақбули ҳар шахс аст. Яке зимистонро бо боридани барфу яхбандиҳояш дӯст медораду дигаре фасли нозанин баҳорро бо сарсабзу зебо гаштани табиат меписандад.

Аввалан, пеш аз оне, ки асрори сафедии барфро бинависем пеш аз ҳама бояд мо бидоем, ки худи барф чист ва чӣ гуна ба вуҷуд меояд. Агар дар зимистон ҳар чӣ қадаре барфи бисёр биборад захираҳои пиряхҳои кӯҳӣ зиёд гардида, тобистон дар натиҷаи об шудани онҳо, дарёҳҳо пур аз об гардида, боиси ҳосилнокии зиёд мешавад ва инчунин, боиси обхезиву омадани сел ҳам гаштанаш мумкин аст.

Сабаби асосии сафед будани барф, ин ба пурагӣ инъикос намудани (ё барф ба пуррагӣ нури Офтобро инъикос менамояд ё нури Офтоб ба пуррагӣ аз барф инъикос меёбад) нури Офтоб мебошад. Агар ранги Офтоб дигаргуна мебуд, ранги барф низ ба он мувофиқ мешуд, яъне сурх бошад, сурх мешуду сабз бошад сабз.

Имрӯз, 27.02.2024 ки алакай барф ба замин рехт, ин нишонаи расидани файзу баракат дар дастархони имсолаи мову шумост. Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён, бо мақсади тоза намудани дарахтону гулҳо аз барф ва пешгирӣ намудани онҳо аз шикастану сармо гирифтан сурат гирифт.

Махсусан, дар кӯчаҳои марказӣ ва атрофи ноҳия аксар дарахтон аз барф, ки оби он боиси шикасти дарахтон мегардад, тоза карда шуд. Ҳамчунин, дар ин баробар гулҳои зебоафкани қисме аз кӯчаҳои марказии ноҳия аз барф тоза шуданд, ки ин омили аз сардӣ нигоҳ доштани онҳо аст.