САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Роҳбарият ва кормандону аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ чун ҳамешагӣ дар ҳамагуна маъракаҳо пешсаф буданд ва ҳастанд. Баробари ташкил намудани ҳашари барфтозакунӣ худи онҳо низ якдилона ба ҳашар баромада, бинобар сабаби зиёд боридани барфи зиёд дар гирду атрофи ҳама биноҳои таълимӣ, роҳравҳои атрофи корхонаву коргоҳҳо ва шоҳроҳҳои мошингузар  ҳашари умумии барфтозакунӣ анҷом доданд.

Ҳадаф аз роҳандози намудани ҳашари барфтозакунӣ ин тозаву озода нигоҳ доштани фазои табиати маҳал, ташаккули ҳаёти солим, инчунин муҳайё намудани шароити хуби корӣ, бехатарӣ дар роҳравҳои одамгузар дар ноҳия мебошад.