“Соати сиёсӣ”- мусоидат ба васеъшавии ҷаҳонбинии хонандагон

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар МТМУ №53-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ “Соати сиёсӣ” бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва омӯзгорони ботаҷриба  баргузор гардид.Зимни “Соати сиёсӣ” қайд гардид, ки амалиёте, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудааст, ташаббуси саривақти буда, баҳри рушд, ташаккули тафаккур, ҷаҳонбинии миллии ҷавонон, мукаммал намудани донишу ҷаҳонбинӣ, эҳтирому арҷгузорӣ, адлу инсоф, хоксориву фурӯтанӣ, шуҷоату далерӣ ва ба ростгӯию росткории ҷавонон мусоидат менамояд. Дар идомаи Соати сиёсӣ масъалаҳои доғи рӯз низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.