КОРҲОИ ОБОДОНИВУ КАБУДИЗОРКУНӢ БО ҶАЛБИ АЪЗОЁНИ ФАЪОЛИ ҲХДТ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои ташкилотҳои ибтидоии «Бахши ҳифзи муҳити зист» ва «Ҷамоати деҳоти Обшорон», санаи 24 феврали соли 2024 бахшида ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, саҳмгузорӣ ба ободонию кабудизоркунии кӯчаву маҳаллаҳо ва ташкилоту муассисаҳо,  Аксияи ҳизбии ниҳолшинонӣ  таҳти унвони  «Тоҷикистон диёри зебоманзар» бо ҷалби аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии «Обшорон» ва  аъзоёни фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, дар гирду атрофи бино ва саҳни ҳавлии ҷамоати деҳоти Обшорон  ниҳолҳои  ҳамешасабз шинонида шуд.