СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ №57

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси  Нақшаи амалёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия,  дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57 – и ҷамоати деҳоти Сафобахш, деҳаи Баҳор  миёни хонандагони синфҳои болоӣ “Соати сиёсӣ” доир карда шуд. Дар “Соати сиёсӣ” омӯгоронӣ соҳибтаҷриба, ва дигар шахсони масъул иштирок ва суханронӣ намуданд. Масъулин дар баромадашон бахшида ба 31 – солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуда, гуфта шуд, ки ҷавонони сарбаланди тоҷик, аз ҷумла ватандӯстони асил барои ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодиямон бо ҳушёриву далерӣ ва мардонагӣ мебояд чун ҳарвақта, барои чун гавҳараки чашм нигоҳ доштани Ватан – Модар камари ҳиммат банданд. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам сохтани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои мақсаднок меандешад ва бо дарназардошти таъмини шароити мусоид дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сол аз сол сафи ихтиёриёни ҷавон ба хизмати ҳарбӣ афзуда истодааст. Дар баробари ҳамаи ин мехоҳем аз ҷавонони шуҷои Ватан даъват ба амал орем, ки барои як шахсияти арзанда шудан, ҳамзамон ватандӯсту раиятпарвар гаштан садоқат ба меҳанро дар замири хеш парвариш дода, аз мактаби далерӣ, шуҷоат, матонат ва мардонагӣ гузашта, қарзи ҷавонмардии худро дар хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба ҷо оранд. Хизмат шараф аст.