АРТИШИ МИЛЛӢ-СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

17 феврал дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидбонгоҳи сарҳадии “Ҳошма”-и ноҳияи Қубодиён бо афсарону сарбозон вохӯрӣ доир гардид.  
 

Лозим ба ёдоварист, ки дар вохӯрӣ Наврӯз Ҳусейнзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон,  Ваҳобуддин Абдуллозода, раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок доштанд.

Нахуст, Наврӯз Ҳусейнзода, афсарону сарбозони дидбонгоҳро ба муносибати таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар таҳният гуфта, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста нақши Артиши миллиро дар раванди барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсию ҳарбӣ, пуштибонӣ аз сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ муҳим арзёбӣ менамоянд.

Қайд гардид, ки баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Қувваҳои мусаллаҳи худро таъсис дода, дар роҳи таъмини оромию осудагӣ ва амнияти кишвар ҷидду ҷаҳд кард. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замоне таъсис ёфт, ки дар кишвар низоъҳои дохилӣ ба миён омада буданд. Ҳамин тариқ, марҳила ба марҳила Артиши миллӣ комилтару пуриқтидор гардида, қобилияти ҳифозат ва нигаҳдории кишвар, оромии ҷамъиятро ба худ касб намуда, ба сипари боэътимоди давлат табдил ёфт.
 

Дар қисмати дуюми вохӯрӣ мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ миёни сарбозон ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” доир гардида, як қатор афсарону сарбозон бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҳизб қадрдонӣ карда шуданд.
Дар охир  ба беш аз  100 нафар сарбозон дастархони идона ороста шуда, ҳамчунин маводҳои гигиенӣ  низ дастрас карда шуд. Бояд қайд кард, ки ба хотири болидаруҳии онҳо аз ҷониби ташкилоти ибтидоии “Фарҳангчиён” суруду таронаҳои дилнишин дар васфи Ватан- Модар пешкаш карда шуд.  

"Ҳамрози халқ"