БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ДАР ҶАЛАСАИ ҲИЗБӢ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

21 феврал дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷаласаи ҳизбӣ баргузор гардид, ки дар он Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, муовинон ва раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.

Ҳадаф аз ташкил ва гузаронидани ҷаласа пеш аз ҳама иҷрои дас-туру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вобаста ба сазовор таҷлил намудани 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ, эълон гардидани соли 2024 соли “Маърифати ҳуқуқӣ” ва тақвият бахшидани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ миёни сокинон аз ҷониби кумитаҳои иҷроия дар шаҳру ноҳияҳо мебошад.

Нахуст, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб қайд кард, ки 9 феврали соли равон таҳти раёсати Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ доир гардид, ки дар он бевосита оид  ба таҷлили 30-солагии таъсисёбии ҳизб дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
 

Имрӯз кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз қувваҳои бузурги ҷомеа дар бахши идеологӣ маҳсуб меёбанд, ки дар баланд бардоштани мафкураи мардум баҳри дӯст доштани миллату давлат ва корҳои созандагию бунёдкориҳо нақши калидӣ доранд. Имсол аз таъсис ёфтани ҲХДТ 30-сол пур мешавад ва аён аст, ки ин ҳизби пешоҳанги ҷомеа бо аъзои фаъоли хеш дар рушду нумуи мамлакат нақши меҳварӣ доранд.
 

Тавре ба ҳамагон маълум аст, соли 2024 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидааст. Имрӯз мо ҳизбиёнро зарур аст, ки дар баробари дигар сохторҳо аз тамоми имконоти мавҷуда истифода бурда, дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум саҳми арзанда гузорем.

Инчунин, дар идомаи маҷлис гуфта шуд, ки вусъати корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарбаркунии ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Артиши миллӣ тибқи “Роҳнамо барои сарбози ихтиёрӣ”, амалиёти муштараки ҳизбӣ таҳти унвони “Соати сиёсӣ”, “Мактаби ман”, аксияҳои ҳизбӣ, пешниҳоди маводҳои таҳлилӣ ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ”, ҳамчунин пешниҳоди вокунишу андешаҳои созанда дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ, хуб ба роҳ мондани фаъолияти сехҳои дӯзандагии назди кумитаҳои иҷроия дар ноҳияҳои Данғара, Восеъ, Кӯшониён ва амсоли ин тақвият бахшида шавад.

"Ҳамрози халқ"