ТАЪМИРИ РОҲУ ПУЛҲО ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати ҳалли масъалаҳои бунёду азнавсозии роҳҳо чораҳои саривақтӣ андешида мешавад. Бояд гуфт, ки соли 2023 аз ҳисоби Дирексияи сохтмонӣ беш аз 3,9 километр роҳҳои маркази ноҳия ва роҳи марказии Ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 3 миллиону 681 ҳазору 610 сомонӣ таъмир ва асфалтпӯш гардидааст, иттилоъ дод Нишонзода Даврон Назаралӣ, раиси ноҳияи Дӯстӣ дар нишасти хабарӣ.
 

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ аз ҳисоби буҷети ноҳия 245 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ 248,1 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Соли 2023 бо ташаббуси бевоситаи соҳибкорони маҳаллӣ ба маблағи 805 ҳазору 920 сомонӣ беш аз 29,2 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта сангфарш карда шуда, 4 пули мошингузар низ таъмир гардидааст.

"Ҳамрози халқ"